ТАЪРИХИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ
«ПАЁМИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ»
Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» соли 2009 бо ибтикори собиқ ректори Донишгоҳ профессор Қодиров Каримҷон Барфакович таъсис ёфта, шумораи нахустини он ҳамон сол ба табъ расидааст.
Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда, тибқи талабот ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» дар маркази «Рақами стандартонии байналмилалии силсилавӣ (ISSN)» ба қайд гирифта шуда, бо китобхонаи илмии электронии Федератсияи Россия (elibrary.ru) шартномаи дуҷониба дошта, дар Индекси иқтибосовари илмии Русия (РИНЦ) ворид карда шудааст. Муштариёни маҷаллаи мазкур: олимону омӯзгорон, докторантони PhD аз рӯйи ихтисос, унвонҷӯён, магистрантон, донишҷӯён, ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон мутахассисон, дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Аз рӯзи таъсис инҷониб соле аз 2 то 4 шумора нашр мешавад. То имрӯз 25 шуморааш дастраси хонандагон гардидааст.
МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОРИИ МАҶАЛЛА
Мақсади маҷаллаи илмӣ ин инъикоси ҳаёти илмиву фарҳангӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва тарғибу нашри дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотии олимон, омӯзгорон, унвонҷӯён ва донишҷӯёни ватанию хориҷӣ мебошад.
Вазифаҳои кории маҷалла:
Маҷалла аз ибтидои фаъолият зери назари сармуҳаррирон, доктори илмҳои педагогӣ профессор К.Б.Қодиров (2009-2010), доктори илмҳои филологӣ, профессор Н.Н.Солеҳов (2010-2012), доктори илмҳои физика-математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло (2012-2020) ба табъ мерасад. Аз соли 2020 маҷалла зери назари доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирализода Абдусалом Мустафо нашр мегардад.
Ҳайати таҳририя аз 9 доктор ва 7 номзади илм иборат мебошад, ки онҳо кормандони илмӣ, илмию педагогӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногун мебошанд. Ҳамаи аъзои ҳайати таҳририя мутахассисони варзидаи соҳаи худ мебошанд.
Мақолаҳои илмии нашршаванда мувофиқи талаботи қабули мақолаҳо ба маҷалла дорои фишурда (бо забони русӣ ва англисӣ), калидвожа (бо забони русӣ ва англисӣ), маълумот дар бораи муаллиф (бо забони русӣ ва англисӣ), рӯйхати адабиёт, дастгоҳи илмӣ (аппарати илмӣ) мебошанд, ки дар асоси қоидаҳои аз ҷониби маҷалла пешниҳодгардида тартиб дода шудаанд.
Маҷаллаи илмии «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» дар асоси Қоидаҳои таҳияи феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раёсати КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2017, №1/2 тасдиқ гардидааст, такмил дода шуда, вобаста ба соҳаҳои илм: 07.00.00 – Илмҳои таърих ва бостоншиносӣ, 13.00.00 – Илмҳои педагогӣ, 10.00.00 – Илмҳои филологӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои нашр таҳия мегардад.
192